Бошгоҳи “Персполис”: Ҳаннонов аз Тоҷикистон ба Арабистон меравад
Бошгоҳи “Персполис” эълом кард, Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии “Персполис” ба танҳоӣ роҳии Риёзи Арабистон хоҳад шуд ва ҳамроҳи тим нахоҳад буд.
Иллати ин масъала иттифоқи аҷибе аст, ки барои ин бозикун рух додааст. Ҳаннонов ба ҳамроҳи тими миллии кишвараш зуҳри рӯзи сешанбе дар Исломобод муқобили тими миллии Покистон бозӣ кард, ки ин бозӣ бо пирӯзии 6 бар яки тоҷикҳо тамом шуд.
Баъд аз ин бозӣ Ваҳдат Ҳаннонов ҳамроҳ бо корвони Тоҷикистон ба кишвараш баргашт то пас аз он ба Теҳрон биёяд ва дар тамриноти тим ширкат кунад, аммо дар иттифоқе аҷиб натавонист билети сафар ба Теҳронро фароҳам кунад ва дар Душанбе монданӣ шуд.
Гуфта мешавад, ин бозикун фардо мустақиман роҳии Риёз хоҳад шуд ва ҷудо аз тим ба Арабистон хоҳад рафт то ба урдуи тимаш бипайвандад.
Ваҳдат дар ҳоле ҳузур дар тамрини охири сурхҳоро аз даст дод, ки дар ФиФа Дии қаблӣ баъд аз бозӣ дар Малайзия ҳамроҳ бо тими миллии Тоҷикистон, ҳатто зудтар аз бозикунони миллипӯши тими Эрон ба тамрини Персполис баргашт.