Эмомалӣ Раҳмон  хостори эҷоди маркази тавсеаи ҳуши маснуӣ дар Тоҷикистон шуд
(last modified Tue, 28 Nov 2023 14:34:32 GMT )
Ноябр 28, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон  хостори эҷоди маркази тавсеаи ҳуши маснуӣ дар Тоҷикистон шуд
    Эмомалӣ Раҳмон  хостори эҷоди маркази тавсеаи ҳуши маснуӣ дар Тоҷикистон шуд

Раиси Ҷумҳуриии Тоҷикистони хостори эҷоди маркази тавсеаи ҳуши маснуӣ дар чорчуби барномаи вижаи милал барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар шаҳр Душанбе шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони хостори эҷоди маркази тавсеаи ҳуши маснуӣ дар чорчуби барномаи вижаи милали муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар шаҳр Душанбе шуд.

Вай зимни суханонеи дар нишасти барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ бо ишора ба тасвиби стратегияи тавсеаи ҳуши маснуӣ то соли 2040 дар Тоҷикистон пешниҳод дод то дар пойтахти ин кишвар маркази тавсеаи ҳуши маснӯии ин барнома таъсис шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт: Дар марҳалаи оянда муаррифии ҳуш маснуӣ метавонад аз дигари заминаҳои ҳамкори дар чорчуби барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ бошад.

Нишасти барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Боку пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.