Афзоиши хароҷоти муоинаи фаннӣ ва андози худравҳо дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 16 Dec 2023 08:02:59 GMT )
Декабр 16, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хароҷоти муоинаи фаннӣ ва андози худравҳо дар Тоҷикистон

Тоҷикистон яке аз кишварҳое аст, ки андоз ва дигар пардохтҳои иҷборӣ барои муоинаӣ фаннӣӣ худравҳо дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя дар он зиёдтар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Зараис-яке аз ширкатҳои бозаргонии нақлиётӣ  таъкид кард, дар ҳоли ҳозир боҷи ҷодаии худрави Опел бо мотори 75 аспи бухор 382.5 сомонӣ аст, ки дар соли 2024 ин рақам баробар бо 405 сомонӣ хоҳад шуд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки пас аз соли 2024 нархи муҷаввизи рангомезии худрав низ дар Тоҷикистон афзоиш меёбд.

 Ба ин тартиб хароҷоти ранг кардани худравҳои тавлидшуда пас аз соли 2005 ҳудуди 344 сомонӣ афзоиш меёбад. Дар ҳоле, ки нарх барои худравҳои тавлидшуда пеш аз соли 2005 ҳудуди 260 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт..

 Бар ин асос рангомезии худравҳои қабл аз соли 2005 барои ронандагон 4.6 ҳазор сомонӣ ва пас аз соли 2005 - 6.1 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.

 Хотирнишон мешавад, ки маблағи дарёфтӣ аз соҳиби худрав бар асоси қудрати мотор, яъне аспи бухор муҳосиба мешавад. Бинобарин пардохти ин навъ молиёт ҳангоми анҷоми муоинаи фанне зарурӣ аст.

Аз соли 2024 андози нақлиёту боркашонӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.