Декабр 24, 2023 11:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар Тоҷикистон
    Баргузарии ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар Тоҷикистон

Ҷашнвораи байналмилалии суннатҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар маҷмуъаи театри Лоҳутии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс Зулфияи Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон ва ҷамъӣ аз мақомот ва аҳолии ҳунари ин кишвар ба ҳамроҳи дипломатҳоӣ аз кишварҳои ҳавзаи Авруосиё аз ҷумла Алиризо Ҳақиқиён сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рузи шанбе дар ҷашнвораи байналмилалии суннатҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё ҳузур доштанд.

Дар чорчуби ин ҷашнвора намоишгоҳи осори ҳунарҳои мардумӣ ва саноеъи дастии Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар аз ҷумлаи Эрон барпо шуд.

Гуруҳи мусиқии доруг ба намояндагӣ аз Эрон дар ҷашнвораи байналмилалии суннатҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё ба ҳунарнамоӣ пардохт ва қитъае аз достони Рустаму Суҳроби Шоҳномаро иҷро кард, ки бо истиқболи ширкаткунандагон ру ба ру шуд.

 

Барчасп