Декабр 26, 2023 11:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрвандони тоҷик ба иттиҳоми тарроҳии ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон ва Австрия

Расонаҳои олмонӣ аз боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар ва Утриш(Австрия) ба иттиҳоми тарроҳии ҳамалоти террористӣ ва узвият дар гурӯҳи ДИИШ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, бархе расонаҳои Олмон аз боздошти теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон ва Утриш ба иттиҳоми тарроҳии ҳамалоти террористӣ ва узвият дар гурӯҳи ДИИШ хабар доданд.

 Бар асоси гузориши рӯзномаи «Курьер», ин афрод эҳтимолан дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамалоти террористӣ дар клисои ҷомеъи Санкт Стефан, воқеъ дар маркази Вена ва калисои ҷомеъи Кёлн будаанд.

Бо ин ҳол дар натиҷаи баррасии минтақаи калисои ҷомеъи Кёлн бо истифода аз сагҳои маводёб, ҳеҷ маводи таркандае пайдо нашуд.

 Ин нашрия хотирнишон кард, ки боздидкунндагон аз калисоиҳои ҷомеъи Санкт Стефан ва калисои ҷомеъи Кёлн бояд барои афзоиши тдобир амниятӣ ва ҳузури теъдоди зиёде аз мақомоти интизомӣ дар ин маконҳо омода бошанд.

 Рӯзномаи "Bild am Sonntag" бо истинод ба манобеъи худ, муддаӣ шудааст, ки боздоштшудагон муҳоҷироне аз Тоҷикистон ҳастанд, ки бинобар иттилооти аввалия қасди анҷоми ҳамалоти террористӣ барои ДИИШ-и Хуросонро доштанд.

 Ба навиштаи ин нашрия, яке аз боздоштшудагон дар Олмон, ки аҳли Тоҷикистон аст, аз муддатҳо пеш барои мақомоти ин кишвар ҳамчун як фарди ифротӣ шинохта шуда буд.

 Ҷузъиёти дигаре аз боздоштшудагон гузориш нашудааст.

 

Барчасп