Январ 02, 2024 15:30 Asia/Dushanbe
  • Бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо тими Гон-Конг

Дидори дӯстонаи тимҳои Гон-Конг ва Тоҷикистон 13 даймоҳ дар Абузабӣ баргузор мешавад.

Ин дидор бахше аз тадорукот барои марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 аст

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  хотирнишон мешавад ин бозӣ пушти дарҳои баста баргузор мешавад ва пахш нахоҳад шуд. Тибқи қонун мураббиён метавонанд теъдоди номаҳдуди бозикунро дар тӯли мусобиқа тағйир диҳанд, бинобарин натиҷаи мусобиқот дар радабандии ФИФА ҳисоб намешавад. Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон дар рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Чин (22 дай), Қатар (27 дай) ва Лубнон (22 дай) рақобат мекунад.

 

Барчасп