Январ 23, 2024 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таърихсозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Осиё 2023

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо пирӯзи 2-1 муқобили Лубнон барои нахустин бор ба марҳила ҳазфии Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҷикистон дар гурӯҳи аввал бо Қатар, Чин ва Лубнон ҳамгурӯҳ буд ва дар аввалин бозӣ муқобили Чин ба тасовии бидуни гол расид. Сипас як бар сифр ба Қатр, дорандаи унвони қаҳрамонӣ ва мизбони мусобиқот бохт ва бо бурд дар баробар Лубнон, пас аз Қатар 9 имтиёзӣ бо 3 имтиёз дар рутбаи дувуми гурӯҳ қарор гирифт.

 Лубнон бо голи дақиқаи 47 Босил Ҷарродӣ пеш афтод. 9 дақиқа пас аз ин гол Қосим Зин, бозикуни 33 солаи Лубнон, ихроҷ шуд ва ин тим маҷбур шуд бо як нафар камтар ба кораш идома диҳад.

 Дар дақиқаи 80 бозӣ Парвизҷон Умарбоев, корро ба тасовӣ кашонд ва дар идома дар дақоиқи изофии ин бозии ҳассос , Ҳамроҳқулов тавонист голи пирӯзии таърихии Тоҷикистонро ба самар бирасонад.

 

Барчасп