Тақвият ва густариши равобити Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Олмон
(last modified Wed, 24 Jan 2024 04:51:59 GMT )
Январ 24, 2024 09:51 Asia/Dushanbe
  • Тақвият ва густариши равобити Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Олмон

Сафири Тоҷикистон масаълаи тақвият ва густариши равобит бо манотиқи шимолии Олмонро баррасӣ кард.

Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн сафар кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Имомуддин Сатторов дар пойтахти Шлезвиг-Ҳолштайн- шаҳри бандарии Кил бо Сарвазири ин устони федеролӣ Даниел Гюнтер мулоқот анҷом дод.

Тақвияти равобити минбаъда байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Шлезвиг-Ҳолштайн, бахусус дар бахшҳои иқтисод, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, илму маориф, фарҳанг ва муҳоҷират мавриди баррасии тарафҳо қарор доштанд.

Дар вохӯрӣ бо ноиби Президенти Донишгоҳи Кил ба номи Кристиан Албрехтс Ралф Шнайдер ба барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин табодули донишҷӯён тамаркуз дода шуд.

Сафир ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар соҳаҳои ҷуғрофия ва геология дар ин боргоҳи илм таҳсил менамоянд, суҳбат намуд. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ба омӯзиши амиқи илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ диққати бештар диҳанд.