Январ 24, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Ҷопон бар тақвияти ҳамкориҳо дар чорчӯби Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Ҷопон дар Душанбе дидор ва бар тақвияти ҳамкориҳо дар чорчӯби «Осиёи Марказӣ+ Ҷопон» таъкид карданд.

Ба гузориши «Ховар», Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Тошиҳиро Аики, сафири Ҷопон дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор вазъияти кунӯнии равобити дуҷониба ва тақвияти бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, омӯзиши коркунон ва ҳамчунин соири ҳавзаҳои мавриди алоқаи ду тараф баррасӣ шуд.

Тарафайн дар бахши дигаре ҳамчунин бар аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» таъкид карданд.

 

Барчасп