Афзоиши воридоти гази табиъи Тоҷикистон аз Узбекистон
Бар асоси барномарезиҳо Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 31 миллион метри мукааб бештари гази табиъи аз Узбекистон харидори хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Далер Ҷумъа вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард: Тоҷикистон қасд дорад воридоти гази табиъи аз Узбекистонро дар соли 2024 афзоиш диҳад.
Ваӣ афзуд: Бар асоси барномаи ин ниҳод муқарар шудааст Тоҷикистони имсол 250 миллион метри мукааб газ аз Тошканд харидорӣ кунад.
Ин шохиси нисбат ба сол қабл 31 миллион метримукаъаб бештар аст.
Бар асоси гузориши вазир Тоҷикистон дар соли гузаштаи милодӣ ҳудуди 220 миллион метри мукааб газ аз Узбекистон харидори кардааст, ки нисбат ба соли 2022 ҳудуди 26.5 миллион метримукаъаб бештар аст.
Ба иттилои вазир, ҳоло гази Узбекистон асосан ба таъминоти корхонаҳои ТАЛКО, нуриҳои "Азот"-и Вахш ва “Маркази барқу гармидиҳии”-и шаҳри Душанбе равона мешавад.