ДИИШ шиносномаи тоҷикиро 300 евро мефурӯшад
(last modified Thu, 05 Jan 2017 04:46:51 GMT )
Январ 05, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ шиносномаи тоҷикиро 300 евро мефурӯшад

Мақомоти Украина ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба кишвараш истирдод кардаанд, ки бо шиносномаи фарди дигаре номи аслии худро махфӣ кардааст.

Ба гузориши сойти Toptj,  Далер Наҷмиддинови 29 сола, ки 3 моҳ қабл ҳангоми бозгашт аз Сурия дар Украина ба дархости Интерпол боздошт шуда буд, шиносномаи шаҳрванди дигаре ба номи Бахтиёр Сатторовро ироа кардааст.

Мақомоти Украина низ ин фардро ба номи Бахтиёр Сатторов ба Тоҷикистон истирдод мекунанд, ки вай дар кишвари хеш муддаӣ мешавад, ки номи аслиаш Далер Наҷмиддинов мебошад ва шиносномаи Бахтиёр Сатторовро аз мубаллиғони гурӯҳи ДИИШ ба маблағи 300 евро харидорӣ кардааст. Вай дар бозҷӯиҳои аввалия дар Тоҷикистон эътироф кардааст, ки замони бозгашт аз Сурия ба Тоҷикистон дар Туркия тарс дошт, ки шояд номаш дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал вуҷуд дошта бошад. Аз ин рӯ, мубаллиғони ДИИШ ба вай пешниҳоди хариди шиносномаи Бахтиёр Сатторовро, ки гуфта мешавад дар даргириҳои низомӣ дар Сурия кушта шудааст, медиҳанд.

Волидайни Далер Наҷмиддинов гуфтаанд, ки вай барои кор дар соли 2012 роҳии Русия шуда ва мушаххас нест, ки чигуна ба Сурия рафта ва сар аз Украина даровардааст. Аз сӯи дигар Бахтиёр Сатторови 35 солаи сокини ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлон дар соли 2014, ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста буд, ки тобистони порсол хабари кушта шудани вай мунташир гардид.

Ин барои бор нахуст нест , ки аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ аз шиносномаҳои бегона истифода мекунанд. Чунон чӣ дар ҳамлаи ду террорист ба бинои сафорати Чин дар пойтахт Қирғизистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ин афрод аз шиносномаҳои тоҷикӣ истифода карда буданд.