Феврал 27, 2024 13:32 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо Ҷамолуддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар ин дидор тарафҳо дар хусуси раванди ҳамкориҳои ҷорӣ байни ду кишвар дар бахшҳои беҳдошт, дармон, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳамчунин омӯзиши пизишкӣ ва табодули иттилоот ва таҷрибиёт гуфтугӯ ва табодули назар намуданд.

 Ҳақиқиён бо ишора ба пешрафтҳо ва дастовардҳои шигарфи Эрон дар бахши пизишкӣ ва тавлиди дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, омодагии барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо бо кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистонро эълом кард.

 Дар ин дидор Абдуллоҳзода бо ишора ба санадҳои ҳамкории имзошуда байни ду кишвар, аз раванди ҳамкориҳо ва иҷрои тавофуқот ибрози ризоят кард ва бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо бавежа дар ҳавзаҳои дармонӣ, доруӣ ва омӯзишӣ таъкид кард. Вазири тандурустии Тоҷикистон аз ширкатҳои эронӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ дар кишвараш даъват ба амал овард.

 

 

Барчасп