Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ҳаким Низомӣ ҳалқаи васли ҳамаи форсизабонони ҷаҳон аст
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Ному осори Ҳаким Низомӣ ҳалқаи васли кишварҳо ва миллатҳои минтақа ва ҳамаи форсизабонони ҷаҳон аст.
Ба гузориши ИРНА, Низомиддин Зоҳидӣ дар ойини поёнии севумин бузургдошти Ҳаким Низомӣ, ки дар толори Ваҳдат дар Теҳрон баргузор шуд бо ишора ба шоирони бузурги чун Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Ҳотифӣ ва дигари шуъарои порсизабон, ки дар пайрави аз Хамсаи Низомӣ, хамсаҳоихудро таълиф карданд ва суруданд, гуфт: Дар маҷму ҳафт пайкар ва Искандарнома дар ҳудуди 260 маснавии орифона ва ошиқона дар забони форсӣ ва забонҳои дигар дар тули 800 сол суруда шуда аст.
Зоҳидӣ гуфт: Низоми Ганҷавӣ бо хамсаи худ дар рушди маснависароӣ дар адабиёти форсӣ балки дар ҷиҳати ривоҷу равнақи ин амр дар адабиёти миллатҳои дигари минтақа ҳам нақш муассири дошта аст.
Ҳаким Низомӣ аз аркони шеъри форсӣ дар қарни 6 ҳиҷрӣ мезист ва аҳли рустои Тоди шаҳристон Тафриш буда аст 21 исфандмоҳ дар тақвими расмии кишвар ба номи рузи Ҳаким Низомӣ сабт шудааст. Манзили ниёкони у дар 21 исфанди 1400 аз тарафи ЮНЕСКО пелоккуби шуд.