Апрел 11, 2024 19:52 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти ҷудуи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Мусобиқоти ҷудуи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баргузор мешавад.

Дар рӯзи 27 апрел дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара ба муносибат рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон, мусобиқоти озоди ҷуду бо ҳузури варзишкорони дохилӣ ва хориҷӣ дар се вазн - 65 килограмм, 86 килограмм ва +86 килограмм баргузор мешавад.

 Ба мақоми аввали мусобиқа 5000 доллар, нафари дувум 3000 доллар ва нафари севум 1500 доллар ба унвони ҷоиза эҳдо мешавад.. Ҳомиёни ин мусобиқот бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, Федератсияи ҷудуи Тоҷикистон ва ҳокимияти ноҳияи Данғара аст.

 

 

Барчасп