Апрел 16, 2024 11:01 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон баробари Чин

Тими миллии футзали Тоҷикистон дувумин бозии дӯстонаи худро баробари Чин дар Бангкок анҷом дод.

Ин дидор бо бартарии 9 бар 2 ва бо пирӯзии тими Тоҷикистон ба поён расид.

 Пеш аз ин тими миллии Тоҷикистон дар кампи омӯзишӣ ва тадорукотии Бангкок дар як мусобиқаи дӯстона, ки бо барандаи медали бринҷии мусобиқоти қаҳрамонии cafa-2023, яъне тими миллии Афғонистон баргузор кард, бо натиҷаи 4 бар 3 мағлуб шуд.

 Тими миллии Тоҷикистон дар рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Кореяи ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Япония (22 апрел) ба рақобат мепардозад.

 

 

Барчасп