Коҳиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳаҷми тиҷорат байни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар се соли гузашта беш аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши “Азия плюс”, ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар семоҳаи аввали соли ҷории мелодӣ каме беш аз 2. 2 миллион доллар будааст. Ин тақрибан 20 дарсад камтар аз муддати мушобеҳ дар соли 2023 аст.
Ҳудуди 95 дарсад аз мубодилоти тиҷории дуҷониба аз тариқи воридоти коло аз Қирғизистон анҷом мешавад.
Саҳми тиҷорат бо Қирғизистон аз кулли мубодилоти тиҷории Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ (беш аз 2. 1 миллиард доллар) 0. 1 дарсад будааст.
Ҳаҷми кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра беш аз 2. 1 миллиард доллар будааст.
Коҳиши мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирии мусаллаҳонаи дурӯза дар манотиқи марзӣ дар авохири апрели 2021 оғоз шуд, ки дар он даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.