Июн 13, 2024 10:47 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Дабирикули Созмони Ҳамкории Шанхай
    Дидору гуфтугӯи вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Дабирикули Созмони Ҳамкории Шанхай

Сироҷиддини Муҳриддин бо Жанг Минг (Zhang Min), Дабирикули Созмони Ҳамкории Шанхай дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ; Дар ин дидор тарафайн дар бораи мавзӯъоти муҳими дастури кори Созмони Ҳамкории Шанхай ва тавваҷӯҳ ба омодагӣ барои нишасти ояндаи  Шӯрои сарони кишварҳои узв ки дар таърихи 3 ило 4 июл дар Остона баргузор мешавад , баҳсу табодули назар карданд . Ҳамчунин дар мавриди масоили марбӯт ба беҳбуди Созмон табодул назар шуд . Сироҷиддини Муҳридин аз Жанг Минг барои ширкат дар сеюмин конфаронси байналмилалии сатҳи олӣ дар мавриди даҳаи иқдоми байналмилалии “ Об барои тавсеаи пойдор , 2018 - 2028 ” ташаккур кард .

Барчасп