Ҳушдори мақоми тоҷик ба хонаводаҳо дар бораи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ
(last modified Mon, 16 Jan 2017 06:32:39 GMT )
Январ 16, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми тоҷик ба хонаводаҳо дар бораи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Додситони нақлиёти Тоҷикистон гуфт, аксари шаҳрвандони ин кишвар аз роҳи Русия ба кишварҳои ноороми Ховари Миёна мераванд.

Ба иттилои Азия-Плюс, Абдурашид Гулмуҳаммадшоҳ дар нишасте хабарӣ дар Душанбе гуфт, 80 то 90 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар, ки аз сӯи мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ҷазб шудаанд, аз роҳи Русия ба Сурияу Ироқ рафтаанд.

Вай бо интиқод аз амалкарди хонаводаҳои тоҷикистонӣ гуфт: Рафтан ба Русия барои пайдо кардани ҷои кор барои он теъдод аз ҷавононе, ки тоза аз мадрасаҳои давлатӣ фориғулттаҳсил шудаанд, акнун ба фарҳанг табдил шуда, ки ин масъала авоқиби ногуворе дорад.

Ба гуфтаи Гул‌муҳаммадшоҳ, волидайни ин ҷавонон, бехабар аз инки фарзандонашон дар Русия ба далели надонистани забони русӣ ва ошноӣ надоштан бо муҳити иҷтимоии ин кишвар бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд ва ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳи террористӣ ДИИШ меафтанд, ононро ба ҷои ширкат дар озмӯни донишгоҳҳо, барои сафар ба Русия ташвиқ мекунанд.

Аз дидгоҳи Додситони нақлиёти Тоҷикистон, ҷавонони тоҷик ба далели надоштани иттилои дуруст аз ислом, таҳти таъсири афкори гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд ва бо сафар ба Сурияу Ироқ ба баҳонаи ҷиҳод, амалан ба бозичаи дасти душманони ислом табдил мешаванд.

Бар асоси гузориши Додситони нақлиёти Тоҷикистон наздик ба ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияу Ироқ ҳузур доранд, ки ҳудуди 300 нафари онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.