Январ 28, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи “Роғун”

Сармоягузорӣ барои такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли 2017 коҳиш меёбад.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки имсол барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд, ки 200 миллион сомонӣ камтар аз соли 2016 аст. Каримзода бидуни ишора ба далоили коҳиши сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” вуҷуди фасоди молӣ дар амалӣ кардани ин тарҳро таъйид ва таъкид кардааст, ки коргарони ин тарҳ дар моҳҳои ахир ҳуқуқ нагирифтаанд. Муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин таъкид карда, ки ин мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқ обии “Роғун” дар Тоҷикистон соли 1974, дар даврони ҳукумати шӯравӣ оғоз шуд, вале пас аз истиқлоли ин кишвар ба далели мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди сармоя нотамом монд. Бо ин ҳол, соли гузашта дар як тендери байналмилалӣ ширкати “Салини имперҷило” барои такмили тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” баранда шуд ва сохтани ин нерӯгоҳро ба уҳда гирифт. Ин ширкати итолиёӣ эълом кард, бар асоси барномарезии суратгирифта, дар авохири соли 2018 трубинаи нахустини ин нерӯгоҳ тавлиди барқро оғоз мекунад ва турбинаи дувуми он дар соли 2019 ба шабакаи барқи Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, баррасии мавзеи Узбакистон дар моҳҳои ахир нишон медиҳад, ки мақомоти ин кишвар дигар ба таври аланӣ бо такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мухолифат намекунанд ва мавзеи муътадилтаре дар қиболи ин тарҳ дар пеш гирифтаанд.

 

Барчасп