Коҳиши теъдоди муштариён ва корбарони интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
Теъдоди муштариён ва корбарони интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, тайи соли гузашта (2016) коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши сойти Спутник, тайи соли 2016 теъдоди муштариёни телефони ҳамроҳ дар муқоиса бо соли қабл бо 2,5 миллион нафар коҳиш аз 11 миллиону 200 ҳазор нафар ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расидааст.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 миллиону 462 ҳазор нафар муштариёни фаъоли телефони ҳамроҳ ва 2 миллиону 632 ҳазор нафар корбарони интернет, аз ҷумла интернети телефони ҳамроҳ сабти ном шудаанд. Масъулини ширкатҳои ароадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ яке аз далелҳои коҳиши теъдоди муштариёнро буҳрони молӣ ва қимат шудани таърифаҳо медонанд. Зеро акнун таърифаи 1 дақиқа муколима аз Тоҷикистон ба Русия акнун 1 сомониву 20 дирам мебошад, ки қаблан 70 дирам нарх дошт. Аммо коршиносон иллатҳои дигари коҳиши теъдоди муштариёни телефони ҳамроҳ, корбарони интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистонро ташдиди назорати ҳукумат бар фаъолияти ин шабакаҳо унвон мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ширкатҳои ароадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон бояд, то моҳи апрели соли ҷорӣ, илова бар сабти номи муҷаддади муштариёни хеш муваззаф ба илова кардани иттилооти шиносномаи ин афрод ба симкортҳои онон шудаанд.
Мақомоти ширкати давлатии хадамоти мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки сабти номи муҷаддади муштариёни телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, барои таъмини амнияти корбарон ва муқобила бо ҳамалоти сайберии гурӯҳҳои террористӣ хоҳад буд.