Размоиши густурдаи низомиёни Тоҷикистон дар марзи Афғонистон
(last modified Tue, 18 Jul 2017 12:41:25 GMT )
Июл 18, 2017 17:41 Asia/Dushanbe
  • Размоиши густурдаи низомиёни Тоҷикистон дар марзи Афғонистон

Низомиёни Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии марзи Афғонистон размоиши низомии густурдаеро оғоз карданд.

Фаридун Муҳаммадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ин размоиш бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ба гуфтаи Муҳаммадализода, ширкаткунандагони ин размоиш бо ҳамла ба террористҳои фарзӣ, муҳосира ва нобуд кардани онҳо равишҳои муқобила бо нуфузи терроризми байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистонро тамрин мекунанд. Ҳудуди сад адад зиреҳпӯш, ҳавопаймо ва таҷҳизоти низомии дигар дар ин размоиш ба кор гирифта мешавад.

Дар ду моҳи гузашта фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароён дар вилоёти Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон, ки бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон ҳамарз ҳастанд, ташдид шудааст ва ин нигаронии мақомоти тоҷикро афзудааст.