Чин парлумони Тоҷикистонро месозад
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯмаки бебозгашти 230 миллиондолларии Чин барои сохти бинои нави парлумони Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бинои нави парлумони Тоҷикистон дар маркази ин кишвар бо қарзи бебозгашти сад дарсадии Чин сохта мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, Риёз барои сохти муҷтамаи парлумонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, Арабистони Саудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти ин муҷтамаи парлумонӣ дар Тоҷикистон худдорӣ кардааст.
Аҳмадзода қарзи Чинро ҳудуди 230 миллион доллар ном бурд ва гуфт, ин вом ҷудо шудааст ва изҳори умедворӣ кард, ки сохти бинои ҷадиди парлумон то охири имсол дар рӯбарӯи “Боғи Рӯдакӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз шавад.