Мамнуъ шудани вуруди дутобеиятиҳо ба Парлумони Тоҷикистон
Июл 19, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
Дутобеиятиҳо аз ин ба баъд наметавонанд намояндаи Парлумони Тоҷикистон шаванд.
Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қавонини тасвибшуда дар маҷлисҳои намояндагон ва миллии ин кишварро имзо кард, ки бар асоси он, афроди дутобеиятӣ ҳаққи вуруд ба Парлумони Тоҷикистонро нахоҳанд дошт .
Бар асоси ин қонун, дарёфти тобеияти кишвари дигар ба қатъи маъмурияти аъзои ду маҷлиси Тоҷикистон мунҷар мешавад .
Парлумони Тоҷикистон дар соли 2016 бо тасвиби қонуне фаъолияти афроди дутобеиятиро дар низоми сиёсии ин кишвар мамнуъ кард .
Барчасп