15 соли зиндон барои як узви ДИИШ дар Тоҷикистон
(last modified 2017-08-05T05:10:17+00:00 )
Август 05, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
  • 15 соли зиндон барои як узви ДИИШ дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе як шаҳрванди пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористи ДИИШ ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, М.Ф.Муҳаммадиев, ки дар соли 2014 барои кор ба Дубай рафта буд, бо барқарории иртибот бо аъзои фаъоли гурӯҳи террористии ДИИШ ба ин созмон пайваст ва ба Сурия сафар кард.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммадиев аз тариқи радиои интернетии "zello" бо барномаи мавсум ба "Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ" ошно шуд ва барои таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ бо номи мустаори А. Салимов чандин бор суханронӣ кард.

Вай авохири моҳи феврали соли 2015 бо парвози Дубай – Истамбул вориди Туркия шуд ва аз марзи ин кишвар ба Сурия рафт, аммо ҳангоми бозгашт аз Сурия дар марзи Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе бар асоси ду банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон М. Ф. Муҳаммадиевро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

 

Барчасп