Август 19, 2017 09:20 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Тоҷикистон барои тағйири пӯшиши 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб дар Душанбе

Муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар 10 рӯзи ахир аъзои коргурӯҳҳои вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯчаҳову хиёбонҳои пойтахт бо беш аз 8 ҳазор бонуи боҳиҷоб гуфтугӯ кардаву аз онон хостаанд, ки аз либоси бегона даст бикашанд.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, Марҳабо Олимӣ гуфтааст, ба ин бонувон фаҳмонида шудааст, ки сатру ҳиҷоб нишонаи пӯшиши миллии тоҷикон несту бояд аз фарҳанги миллии худ пайравӣ кунанд.

Вай таъкид кардааст, ки аксари ин бонувон гуфтаанд, далели пӯшиши исломии онон фишори хонаводаҳову ҳамсаронашон аст, пас бояд бо мардони ин хонаводаҳо низ гуфтугӯ шавад.

Аз дидгоҳи муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, омили аслии пӯшиши исломии бонувони мусалмон дар ин кишвар мардони онҳо ҳастанд, ки маънии фарҳанги миллии тоҷиконро дарк намекунанд.

Чанд рӯз қабл Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон низ муддаӣ шуда буд, ки далели асосии пайравии бонувони тоҷик аз пӯшиши исломӣ дар Тоҷикистон, тақлид, иҷбори волидайн ва шавҳарон ва дидани филмҳову таблиғоти интернетӣ аст.

Коршиносон муътақиданд, мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон либосҳои даврони шӯравиро ба унвони фарҳанги миллии тоҷикҳо матраҳ мекунанд, ки бо чорчӯби пӯшиш дар Ислом таноқуз дорад.

 

Барчасп