Август 22, 2017 14:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ҳамчунон дар пайи мубориза бо ришваву фасод

Дар идомаи иҷрои барномаи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, идораи мубориза бо фасоди молии ин кишвар аз мардум ва созмонҳои ҷамъиятӣ хост, шикоятҳои худ аз ришвахорӣ ва фасоди молии масъулонро ба ин ниҳод ирсол кунанд.

Гуфта мешавад, ниҳоди давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон қасд дорад ба зудӣ таҳқиқу бозрасӣ аз фаъолиятҳои молӣ дар даҳ вазоратхонаву идораи давлатии ин кишварро оғоз кунад.

Вазоратхонаҳои молия, маорифу илм, тандурустӣ ва умури иҷтимоӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, кору корофаринӣ ва низ кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва радио-телевизион аз ҷумлаи марокизе ҳастанд, ки дар гоми аввал ҳадафи таҳқиқу тафаҳҳуси ниҳоди давлатии мубориза бо фасоди ин кишвар қарор гирифтаанд.

Ҳадаф аз ин барнома ҷилавгирӣ аз фасоду ришвахорӣ дар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои молии давлатӣ эълом шудааст. Аммо воқеият он аст, ки мавзӯи мубориза бо фасоду ришвахорӣ ва сӯиистифода аз мақому мавқеияти шуғлӣ ва низ судҷӯиву муфтхурӣ (ронтхорӣ) ва эъмоли нуфӯзи шахсиятҳо дар тасмимгириҳои иқтисодӣ муддатест, ки дар дастури кори давлати Тоҷикистон қарор гирифта аст.

Он чӣ дар ин миён матраҳ аст, ин ки дар баробари эъломи барномаи мубориза бо фасод на фақат аз доманаву густараи фасод ба мафҳуми оми калима дар Тоҷикистон коста нашудааст, балки иҷроии таҳқиқу тафаҳҳус дар хусуси ин падида рӯз ба рӯз дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ густурда шудааст. Ба гунае ки акнун 10 вазоратхонаву созмони давлатӣ ҳадафи барномаи мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Имрӯз дар адабиёти сиёсӣ- фасоди молӣ, ришвахорӣ ва сӯиистифода аз мақому мавқеияти шуғлӣ ва ронтхориро дар радифи офатҳои тавсеаи кишварҳои дар ҳоли тавсеа ном мебаранд. Мавориде ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои фақиру ғании Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба офату монеи аслии тавсеаву коркарди солими иқтисодии ин кишварҳо табдил шудааст ва шиддату заъфи он дар ин ҷумҳуриҳо ба фақру ғанои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низ заъфи дастгоҳҳои қазоӣ ва набуди иқтидори қонун марбут мешавад.

Аз ин рӯст, ки стандартҳои назорату пайгирӣ ва низ заъфи барномаҳои мубориза бо фасоду нақзи қавонин, аз ҷумла қавонину мусавваботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ робитаи мустақиме бо мизони фасоди молӣ дар ин ҷавомеъ пайдо кардааст. Зимни ин ки набуди суботу амнияти шуғлии мақомоти давлатиро низ бояд аз дигар омилҳои густурдагии фасод дар ҷомеаҳо ва ҷумҳуриҳои ду сӯйи Хазар донист. Вазъияте ки Тоҷикистон низ аз он мустасно нест.

Бесабаб нест, ки Тоҷикистон дар гузориши Созмони шафофияти байналмилалии Transparency International аз назари ришвагирӣ дар болотарин раддаи ҷаҳонӣ ва дар радифи 152 қарор гирифту мақомоти тоҷик бар зарурати мубориза бо фасод таъкид карданд.

Ин таъкидот албатта пас аз он буд, ки на фақат дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ теъдоде аз кормандони баландпояи ниҳоди мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ, ҷаъли асноду сӯиистифода аз симмати худ боздошт шуданд, балки ахиран муовини собиқи раиси Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар ва низ муовини гумруки Хуҷанд аз сӯйи ниҳодҳои қазоии тоҷик ҳар як ба беш аз ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Вазъияте ки баёнгари умқи вуҷуди фасод дар дастгоҳҳои бонии умури муқобила бо фасод дар Тоҷикистон аст ва ҳатто мавзӯи афзоиши ихтиёроти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон натавонистааст ба солимсозии муҳити иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеа ва ниҳодҳои давлатии тоҷик кӯмак кунад.

Аз ин рӯ нозирон муътақиданд, иллати нокомии давлати Душанбе дар мубориза бо анвои фасоди давлатиро набояд дар таъхир дар судури қавонину бахшномаҳову фармонҳои давлатӣ ва таъкиди мақомоти аршади тоҷик дар мубориза бо фасод, балки дар заъфи ниҳоди мубориза бо фасод дар тафсири ин қонунҳо ва фармонҳо ва наҳваи иҷрои онҳо ҷустуҷӯ кард.

Ба вижа вақте, ки пас аз мусаввабаи порлумони Тоҷикистон барои афзоиши ихтиёроти ниҳоди мубориза бо фасоди ин кишвар, ин ниҳод ба ҷойи таҳқиқу тафаҳҳус аз вазоратхонаҳо, ниҳодҳову созмонҳои давлатӣ сирфан ба таҳқиқу тафаҳҳус аз коркарди молии аҳзоби мунтақиди давлат пардохт ва аз тариқи хоставу ё нохостаи ҳошияи амнӣ барои дастандаркорони доираҳои давлатӣ ба вуҷуд овард то ба барномаҳои ронтхориву фасоди молии худ идома диҳанд. Вазъияте ки бар анбӯҳи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии Тоҷикистон афзудааст.