Боздошти мудири ширкати эъзоми нерӯи кор ба хориҷ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 31 Aug 2017 04:40:36 GMT )
Август 31, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мудири ширкати эъзоми нерӯи кор ба хориҷ дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мудири яке аз ширкатҳои эъзоми нерӯи кор ба хориҷ ба иттиҳоми қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Гури Иванов ба иттиҳоми дарёфти 30 ҳазор доллар аз теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар ва нафиристодани ин афрод барои кор ба хориҷ боздошт шудааст.

 Ширкати “Восток –Сервис” бо мудирияти Гури Иванов дар соли 2013 дар Тоҷикистон сабт шудааст ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дафтари намояндагӣ дорад.

Ин ширкат ба шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон ваъдаи эъзом ба Русия, Беларус ва Дубайро бо кори муносиб ва маоши боло дода, аммо ба ин ваъда амал накардааст.

Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам бояд маблағи 30 ҳазор долларро ба афроди шокӣ баргардонад, дар ғайри ин сурат ба 8 то 12 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, наздик ба 30 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд ва бекорӣ мушкили умдаи иҷтимоӣ барои насли ҷавони ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Хуршед Бобоев, ҷомеашиноси тоҷик муътақид аст, ки боло будани мизони бекорӣ дар Тоҷикистон муҷиб мешавад, ки шаҳрвандони ин кишвар ба доми фиреби ширкатҳо ва афроди судҷӯ гирифтор шаванд.

Дар ҳоле, ки ҳамасола наздик ба як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия, Қазоқистон ва Беларус мераванд, аммо теъдоди ҷавононе, ки бояд барои онон дар дохили Тоҷикистон корофаринӣ шавад, рӯ ба афзоиш аст.