Эътирози корбарони тоҷик ба ибқои фарди тавҳинкунанда ба намозгузорон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24735-Эътирози_корбарони_тоҷик_ба_ибқои_фарди_тавҳинкунанда_ба_намозгузорон
Ба дунболи интишори хабари ибқои Шокирҷон Холдоров дар мақоми раиси кумитаи танзими ҷашну ойинҳои миллӣ дар бахши Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, корбарони интернетӣ ва фаъолони мадании тоҷик башиддат бо ин амр мухолифат ва ибрози норизоятӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Эътирози корбарони тоҷик ба ибқои фарди тавҳинкунанда ба намозгузорон

Ба дунболи интишори хабари ибқои Шокирҷон Холдоров дар мақоми раиси кумитаи танзими ҷашну ойинҳои миллӣ дар бахши Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, корбарони интернетӣ ва фаъолони мадании тоҷик башиддат бо ин амр мухолифат ва ибрози норизоятӣ карданд.

Чанд рӯз қабл тасвири видеое аз Шокирҷон Холдоров дар интернет мунташир шуд, ки дар он вай ба намозгузорони як масҷид ва мардуми маҳал тавҳин карда ва суханони дағал зада буд .

Дар ҳамин иртибот, яке аз корбарони интернет зимни интишори номаи саргушода ба Озода Раҳмон, раиси дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хостааст, барои барканорӣ ва муҷозоти Холдоров иқдом кунад .

Бахтиёр Аминӣ, шоир ва фаъоли мадании тоҷик ҳам гуфтааст, бо чунин корҳое боз тааҷҷуб ҳам мекунанд, ки чи тавр дар ҷомеа афроди ифротӣ зуҳур мекунанд .

Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигори пешкисвати тоҷик ҳам муътақид аст, ҳукумат бо ибқои бархе афроди хотӣ дар мақоми қаблӣ, обру ва эътибори худро зери савол мебарад .