Эмомалӣ Раҳмон: Террористҳо пас аз шикаст дар Ироқ ва Сурия ба Афғонистон мунтақил шудаанд
(last modified 2018-05-04T13:24:47+00:00 )
Май 04, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Террористҳо пас аз шикаст дар Ироқ ва Сурия ба Афғонистон мунтақил шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Террористҳое аз милиятҳои мухталиф пас аз шикаст дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ба Афғонистон мунтақил шудаанд ва ин кишварро ба майдони тохтутози терроризми байналмилалӣ табдил кардаанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷумъа дар Нишасти амнияти байналамилалӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар гузашта дар сафҳои Толибони Афғонистон танҳо намояндагони 15 кишвар мушоҳида мешуданд, аммо акнун ҷангҷуён аз 100 кишвар дар Афғонистон мустақар шудаанд.

Вай афзуд ин вазъият дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, сабаби нигаронии ҷиддӣ аст ва мо наметавонем дар баробари таҳаввулот дар ин кишвари ҳамсоя бетафовут бошем.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома тасреҳ кард, густариш фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро, аз қабили ДИИШ, Алқоида, Толибон ва амсоли инҳо афзун бар ташдиди қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон, аз ҷумла дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи ин кишвар, мояи нигаронии амиқи Тоҷикистон аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ба унвони ҷанги таҳмилшуда аз хориҷи ин кишвар ёд кард.

Ӯ тасреҳ кард, террорист дар ҳар ҳол ва шакле террорист аст, террористи худӣ ва бегона надорем.

Эмомалӣ Раҳмон дар айни ҳол аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост аз ҳеҷ барнома ва кумаке барои ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон дареғ наварзанд.

Ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури намоянлагони  даҳҳо созмони ҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.