Тоҷикистон аз фурсати ҷадид барои беҳбуди равобит бо Узбакистон истифода кунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3853-Тоҷикистон_аз_фурсати_ҷадид_барои_беҳбуди_равобит_бо_Узбакистон_истифода_кунад
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки давлати ин кишвар бояд аз фурсати ҷадиди пешомада ва тағйири раҳбари сиёсии Узбакистон, барои беҳбуди равобит бо ин кишвар истифода кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 10, 2016 09:03 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз фурсати ҷадид барои беҳбуди равобит бо Узбакистон истифода кунад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки давлати ин кишвар бояд аз фурсати ҷадиди пешомада ва тағйири раҳбари сиёсии Узбакистон, барои беҳбуди равобит бо ин кишвар истифода кунад.

Ба гузориши "Азия плюс", Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ бо таҳлили фарозу нишебҳои муносиботи Тоҷикистон ва Узбакстон дар 25 соли ахир гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба нахустин изҳороти Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва кафили риёсати ҷумҳурии Узбакистон дар бораи тақвияти равобити Тошканд бо кишварҳои ҳамсоя, Душанбе низ бояд аз ин шароит истифода кунад.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ бо ишора ба муддати боқимонда то 4 декабр ва рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон гуфт, дар ин муддат кишварҳои мухталиф саъй хоҳанд кард, ки дар раванди шаклгирии сиёсатҳои ояндаи Узбакистон таъсиргузор бошанд ва дар ин замина рақобат миён қудратҳои муҳими минтақаӣ ташдид хоҳад шуд.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ афзуд, дар чунин шароите Тоҷикистон набояд аз ин рақобатҳо ақиб бимонад ва барои иртиқои равобити ду кишвар дар ояндаи наздик барномарезӣ кунад.