Ҳузури вазири манобеи оби Узбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи неругоҳи Роғун
(last modified 2018-11-13T05:16:42+00:00 )
Ноябр 13, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури вазири манобеи оби Узбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи неругоҳи Роғун

Вазири манобеи оби Узбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки Шавкат Ҳамроев вазири манобеи оби Узбакистон дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун дар рӯзи 16 ноябр ширкат хоҳад кард.

Ин мақомот гуфтаанд, ки барои ширкат дар ин маросим ба ҳукуматҳои Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ даъватномаи расмӣ ирсол шудааст.

Ҳамчунин ҳузури намояндагони ширкатҳое, ки дар сохти хатти КАСА 1000 барои интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон фаъол ҳастанд, дар маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун дар рӯзи 16 ноябр дар назар мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон эълом кардаанд, ки рӯзи 16 ноябр аз нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун, ки сохти он аз соли 1976 оғоз шудааст, баҳрабардорӣ хоҳад шуд.

Ин маросимро беш аз 100 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ пӯшиш хоҳанд дод.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин неругоҳро ба ширкати италияии Salini Impregilo вогузор кард ва ин ширкат низ мутааҳҳид шуд, ки рӯзи 16 ноябри 2018 турбинаи нахусти ин неругоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар соли 1976 барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанг дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон такмили он то кунун ба тӯл анҷомид.

Неругоҳи Роғун бо сади хокии 335-метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт-соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.