Оғози размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Sep 2016 06:07:31 GMT )
Сентябр 13, 2016 11:07 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон

Размоиши муштараки нерӯҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар минтақаи Лоҳури ин кишвар оғоз шуд.

Размоиши муштараки тактикии Пойгоҳи низомии 201-и Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон соате пеш дар минтақаи низомии Лоҳури ин кишвар оғоз шуд.

Ин размоиш дар ибтидо бо як пиёдарави тактикӣ, ба ҳамроҳи таҷҳизоти низомӣ дар ин минтақа оғоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, сарбозон ва афсарони рус ва тоҷик дар муддати як ҳафта тактикаҳои низомӣ, аз ҷумла ҳаракат дар кӯҳистон, ҷустуҷӯ ва нобуд кардани пойгоҳҳои душмани фарзиро дар дастури кори худ қарор медиҳанд.

Дар ин размоиш ҳудуди 200 воҳид аз таҷҳизоти низомӣ ва 800 сарбози пойгоҳи 201-и Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Пойгоҳи низомии 201 яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст.

Тавофуқномаи баҳсбарангези тамдиди истиқрори Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар соли 2013 тавассути Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиби ниҳоӣ расид.

Бар асоси ин тавофуқнома, ин пойгоҳи низомӣ то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, ки дар маҷмӯъ ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон аз соли 1993 то он замон ба 49 сол хоҳад расид.

Кӯмак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон, мусоидати Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва муофияти гумрукии содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳое аст, ки Русия дар муқобили тамдиди тавофуқномаи мизбонии Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201 ба Тоҷикистон бояд иҷро кунад.