Даст доштан дар шӯриши зиндони Хуҷанд, иттиҳоми ҷадид ба ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ
(last modified 2018-12-24T15:53:03+00:00 )
Декабр 24, 2018 20:53 Asia/Dushanbe
  • Даст доштан дар шӯриши зиндони Хуҷанд, иттиҳоми ҷадид ба ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ

Манобеи наздик ба тафтиши парвандаи ошӯби хунини шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, то имрӯз даст доштани ҳудуди 60 маҳбус дар он ошӯб мушаххас карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятии нав оғоз кардаанд. Сино Ҳасанзода, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент, ки се сол пеш боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, низ аз саркардагони ошӯб қаламдод мешавад ва ӯро ба СИЗО гузарондаанд.

Ба нақл аз Ахбор, манобеи "Ахбор” мегӯянд, Алиҷон Аҳмадов, як роҳбари дигари низ собиқи шуъбаи панҷакентии ҲНИТ низ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби 7 ноябр дастгир шудааст. Бино ба фарзияи тафтишот, Аҳмадов бо Ҳасанзода дар тамос буд ва аз берун ба вай оид ба ташкил ошӯб дастуру супоришҳо медод.

Як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи ошӯби хунини шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд гуфт, то имрӯз иштироки ҳудуди 60 маҳбус дар он ошӯб мушаххас шудааст.

Дар робита ба ошӯби шаби 7 ноябр бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, дар баробари ҳудуди 60 маҳбус дар ин парванда ҳамчунин 8 корманди собиқи маҳбаси рақами се, аз ҷумла сардораш Файзуллоҷон Сафарзода ва муовини ӯ Диловар Хушматов ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ҳоле ки манобеи дигар шумори кушташудагон дар ошӯби Хуҷандро ҳудуди 50 нафар мегуфтанд, мақомоти Тоҷикистон расман ҳалокати ду зиндонбон ва 21 маҳбусро тасдиқ кардаанд. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон, аз ин 21 маҳбуси кушташуда 12 нафараш ҷангиёни собиқи ДОИШ ва сеи дигар аз созмонҳои ифротии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҷундуллоҳ буданд.

Аммо як фарзияи наве, ки тафтишот таҳқиқ карда истодааст, ҳоло эҳтимоли даст доштани аъзои собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар ошӯби маҳбусони маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд аст.

Дар байни ҳудуди 60 маҳбусе, ки ба даст доштан дар ошӯб айбдор мешаванд, якеаш Сино Ҳасанов (Сино Ҳасанзода), роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент аст. Сино Ҳасанзода рӯзи 22 сентябри соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекард. Ҳоло ӯро ба унвони яке аз саркардагони ошӯб аз маҳбас ба СИЗО гузаронда, нисбаташ парвандаи нав оғоз кардаанд.