Декабр 30, 2018 16:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши Саудӣ барои нуфуз дар Тоҷикистон

Оли Сауд бо сармоягузориҳои мухталиф тайи се соли гузашта талоши густурдаеро барои нуфуз дар Тоҷикистон оғоз кардааст ва дар ҳамин росто рӯзи ҷумъа тавофуқномаи сохти се маркази муҷаҳҳази фаврияти имдодӣ ва вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ дар Душанбе байни намояндаи подшоҳи Саудӣ ва мақомоти тоҷик имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир барои ҷалби ҳимояти мақомоти тоҷик аз сиёсатҳои Риёз дар минтақа талоши бисёре кардааст ва дар ҷиҳати ҳамроҳ сохтани Тоҷикистон бо эътилофи арабӣ кумакҳои бисёреро дар дастури кори худ қарор додааст. Аҳмад оли Бис, намояндаи подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки барои имзои ин тавофуқнома ба Душанбе омада буд, иддао кард, кумакҳои кишвараш ба Тоҷикистон бо ангезаи сиёсӣ ва мазҳабӣ анҷом намешавад ва ин “табиати ҷомеаи ҷаҳонӣ” аст. Ин гуфтаи ин мақоми Саудӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Оли Сауд чандин сол аст, мардуми бедифои Яманро омоҷи ҳамалоти ҳавоӣ қарор дода ва то кунун садҳо ҳазор нафар аз яманиҳо дар асари ин бомбаборонҳо ҷони худро аз даст дода, бехонумон шудаанд. Ҳамчунин ҳукумати Оли Сауд тайи солҳои ахир дар ҳимоят аз террористҳои ДИИШ дар Сурия кумакҳои молӣ ва низомии фаровоне ба ин гурӯҳ кардааст.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дифои мадании Тоҷикистон баъд аз маросими имзои тавофуқномаи эътои кумакҳои фаннӣ тавассути Сандуқи подшоҳии Арабистон ба хабарнигорон гуфт, маҷмӯи кумакҳои Арабистон дар эҷоди ин марокиз ва муҷаҳҳаз кардани онҳо ба ҳудуди 500 ҳазор доллар мерасад. Ба гуфтаи сухангӯи Сандуқи подшоҳии Арабистон, ин кумакҳо шомил булдозер, мошини ҳаффорӣ, васоили нақлияи заминӣ бо маконҳои хоб барои имдодгарон ва як траллери автоматӣ бо зарфияти бори 40-тоннаӣ аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки кумакҳои молии Саудӣ ба Душанбе аз соли 2015, замоне зиёд шуд, ки ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон, Эрону Тоҷикистон ба хотири бархе масоил дучори сӯитафоҳум шуданд ва Ҳукумати Саудӣ аз ин мавқеият сӯистифода кардааст.

Арабистони Саудӣ чанд сол аст, ки мекӯшад, бо густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ бештари ҳиммати худро сарфи ҷомеаи Тоҷикистон дар ин минтақа аз ҷаҳон кунад, то ба ҳар наҳви мумкин назари давлат ва миллати ин кишвари форсизабони ҳавзаи кишварҳои вориси тамаддуни Эронро ба худ ҷалб кунад. Ин кишвар барои ташдиди рақобат бо Эрон дар Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон саъй мекунад, ҳузури ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро дар ин кишвар пуррангтар ва ҳатто онро расонаӣ низ созад. Ин дар ҳолест, ки фарҳанги Тоҷикистон ҳамхонии чандоне бо фарҳанги Арабистон надорад, зеро фарҳанг ва тамаддуни ин кишвари Осиёи Марказӣ бар зербинои густурдатари фарҳанг ва тамаддуни эронӣ бино ниҳода шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Арабистони Саудӣ бидуни доштани ҳеҷ иштироки фарҳангию сиёсӣ ва сарфан бо иттикои зоҳирӣ ба мутаваллигарӣ дар ҷаҳони Ислом ба сабаби воқеъ шудани Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара дар он кишвар ва албатта, бо пули нафт саъй мекунад, нуфузи худро дар ин кишвар ҳар рӯз бештар кунад.

Масъалаи ҳузури иқтисодӣ ва фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон тақрибан аз 3 соли гузашта оғоз шудааст. Давлати Арабистон худаш ҳеҷ ибое аз расонаӣ шудани ин мавзӯъ надорад ва ин таззоди манофеи худ бо Эрон дар Тоҷикистонро барҷаста кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, агарчи Тоҷикистон рӯйи Арабистони Саудӣ ҳамчун як дӯсти ҷадид дар Ховари Миёна ҳисоб боз кардааст, вале ин ба маънои он нест, ки аз дӯстии амиқ ва самимонаи худ бо Эрон, кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон даст бардорад. Ба эътиқоди таҳлилгарон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии дарҳои бозро дар пеш гирифтааст ва бо ҳар кишваре аз зовияи манофеи миллии худ иртибот барқарор мекунад, аз ин рӯ, равобити иқтисодӣ бо Арабистон ба маънои “даҳани каҷ” ба кишвари дигаре, бахусус Эрон нест. Аз сӯе тоҷикон Эронро бародари бузурги худ медонанд ва бархе аз шуарову орифони тоҷик мегӯянд, Эрон барои онҳо бӯи модар ҳам медиҳад; модаре, ки дар солҳои сахти Тоҷикистон фарзандашро танҳо нагузошт, бинобар ин чунин ибҳоми сиёсӣ дар робитаи ду кишвар наметавонад ин пайванди таърихиро барҳам бизанад.

Равобити Теҳрону Душанбе аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 дар ҳоли рушд будааст ва ба расмият шинохтани истиқлоли Тоҷикистон аз сӯйи Эрон ба унвони аввалин кишвар дар ҷаҳон далеле бар ин муддаост. Дар ҷараёни нооромиҳои солҳои 1997-1992-и Тоҷикистон Эрон барои рафъи ин нооромиҳо по пеш гузошт ва мизбонии чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷикҳоро бар уҳда гирифт, ба тавре ки яке аз тарафҳои аслии музокироти сулҳ ба шумор мерафт. Ҳузури пурранги Эрон дар бозсозии Тоҷикистон, аз ҷумла дар саҳнаҳои иқтисодии ин кишвар ҳам бар равобити танготанги ду кишвар афзуд. Бар ҳамин асос Арабистони Саудӣ мумкин аст, як дӯсти ҷадид барои тоҷикҳо шавад, аммо ин маънои онро надорад, ки бо пайдо кардани дӯсти ҷадид аз дӯсти қадимӣ ва самимӣ даст кашида шавад.