Коҳиши содироти мева ва алюминии Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши содироти бархе маҳсулот ба хориҷи кишвар хабар доданд.
Ба гузориши Спутник, дар Тоҷикистон дар соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ 22 дарсад, маҳсулоти ғизоӣ 25 дарсад, консерваи мева ва сабзиҷот 50 дарсад ва намак 60 дарсад коҳиш доштааст.
Бар асоси ин гузориш, дар панҷ соли ахир ҳаҷми содироти алюминий 25 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 дарсад коҳиш ёфтааст.
Коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, маҳсулоти тавлидии ин кишвар аз роҳи қочоқ ба Қирғизистон интиқол меёбад ва ҳамчун молу колои ин кишвар ба Русия содир мешавад ва ин раванд боис шудааст, ки солҳои ахир омори содироти хушкбор ба Русия аз Тоҷикистон кам ва аз Қирғизистон зиёд шавад.
Дар ҳамин ҳол, Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия бо ишора ба вуҷуди мушкилот дар бахши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия, аз таъхири роҳандозии “долонҳои сабз”, интиқод намуд ва гуфт, сарфиназар аз дастуроти сатҳи олӣ, ташкили долонҳо барои интиқоли бидуни монеи маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия ҳанӯз ҳам амалӣ нашудааст.