Ҳушдор дар бораи бориши барф ва сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 03 Feb 2019 09:08:19 GMT )
Феврал 03, 2019 14:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи бориши барф ва сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи коҳиши шадиди ҳаво ва резиш барфу бориши борон аз фардо дар манотиқи Душанбе то Мурғоб ҳушдор дод.

Бар асоси эъломи Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 4 то 5 феврал ҳарорати ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳо 8 то 10 дараҷа коҳиш меёбад ва мардуми ин манотиқ шоҳиди борандагиҳои шадид хоҳанд буд.

Дар шаҳри Душанбе низ эҳтимоли борандагӣ вуҷуд дорад, ки шашуми феврал боришҳо дар ин шаҳр ба сурати барф хоҳад буд.

Ҳамчунин пешбинӣ мешавад чаҳорум то шашум феврал дар қисмати ҷанубии доманакӯҳҳои Ҳисор ва навоҳии ғарбии Вилояти кӯҳистони Бадахшон аз ҷумла роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб барф биборад.

Ба ронандагон тавсия шудааст дар манотиқе, ки хатари резиши баҳман (тарма) вуҷуд дорад, фосилаи байни васоили нақлияро риоят кунанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта дар пайи резиши баҳман дар Тоҷикистон 8 тан ҷон бохтанд.