Оғози озмоишҳои пизишкии Шарофиддин Гадоев дар Ҳоланд
Марокизи пизишкии Ҳоланд (Нидерландия) чек-ап (озмоиш) –и комил аз Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистонро пас аз бозгашти вай ба ин кишвар оғоз карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, вай гуфтааст, ки ҳадаф аз ин озмоиши комил мушаххас кардани вазъи ҷисмониаш пас аз моҷарои рабуда шудан дар Русия, интиқол ба Тоҷикистон ва бозгашти дубора ба Аврупо мебошад.
Вай таъкид кардааст, ки озмоишҳои пизишкӣ ҳафтаи оянда низ идома хоҳад ёфт, зеро муҳим аст, ки мушаххас гардад барои таҳти фишор қарор додани вай дар Душанбе, аз маводи саммӣ (заҳролуд) истифода нашудааст.
Шарофиддин Гадоев дар Ҳоланд паноҳандаи сиёсӣ аст.
Гадоев, ки 7 рӯз пеш аз Тоҷикистон ба Аврупо баргаштааст, рӯз 7 марти соли ҷорӣ ин матлабро дар нишасти хабарӣ дар мақари Созмони Байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар, дар Амстердами Ҳоланд эълом кард. Вай дар ин нишаст бо ишора ба сафари ахираш ба Русия ба баҳонаи музокира бо мақомоти Маскав, моҷарои рабуда шудани худ ва интиқоли иҷбориаш ба Душанбе ва гуфтугӯҳояш бо мақомоти аршади амниятӣ ва интизомии ин кишвар матолиберо матраҳ кардааст. Ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин нишасти хабарии Шарофиддин Гадоев вокуниш нишон надодаанд. Марокизи пизишкии Ҳоланд озмоиши комил аз Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистонро пас аз бозгашти вай ба ин кишвар оғоз карданд.
Шарофиддин Гадоев, ки рӯзи 2 март аз Тоҷикистон ба Ҳоланд бозгашт, гуфтааст, ки моҷарои интиқоли иҷбориаш ба Тоҷикистонро аз тариқи ниҳодҳои байналмилалӣ пайгирӣ хоҳад кард.