Омодагиҳо барои бозгушоии ҳудуди 600 масҷид дар Тоҷикистон
Як расонаи хабарӣ аз омодагии ҳукумати Тоҷикистон ба бозгушоии наздик ба 600 масҷид дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, комиссияи вижае бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, ки мавзӯи бозгушоии масҷидҳои басташударо мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Тибқи ин гузориш комиссияи ёдшуда то ба ҳол феҳристе шомили 590 масҷидро омода кардааст, ки бояд дубора дарҳои худро ба рӯйи намозгузорон боз кунанд.
Дар чанд соли гузашта, ки раванди бастани масоҷид бо баҳонаҳои гуногун дар Тоҷикистон оғоз шудааст, садҳо макони ибодӣ аз фаъолият бозмонда ва мушкилоте дар ин замина барои намозгузорон, ба вижа пирсолон падид омад.
Соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон аз баста шудани 1700 масҷид дар саросари ин кишвар хабар дод.
Дар 4 моҳи соли ҷорӣ низ 200 масҷид дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфара ва Истаравшан баста шудааст.
Созмонҳои байналмилалӣ ва бархе кишварҳо аз ин раванд дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.