Бузургдошти солрӯзи пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 10 May 2019 13:48:26 GMT )
Май 10, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти солрӯзи пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Тоҷикистон

Ҳамзамон бо 74-умин солрӯзи пирӯзии Шӯравии собиқ бар Олмони фашистӣ дар саросари Тоҷикистон маросими ҷашн ва бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣӣбаргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раисҷумҳури Тоҷикистон ки дар шаҳри Душанбе дар ин маросим ширкат карда буд, гуфт: Пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар натиҷаи фидо шудани ҷони даҳҳо миллион инсон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон ба даст омад.

Гашти низомӣ бо иштироки 2700 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия аз дигар бахшҳои ин маросим буд.

Ҳамзамон ба манзури гиромидошти ёди қурбониён ва бозмондагони Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии бо унвони "Полки ҷовидон" барпо шуд, ки дар он мардум бо дар даст гирифтани аксҳои хешовандонашон, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум ширкат карда буданд, ба самти боғи "Ғалаба" ҳаракат карданд.

Дар даврони Ҷанги ҷаҳонии дуввум ҳудудан 300 ҳазор нафар аз мардуми Тоҷикистон озими ҷабҳаҳои набард шуданд, ки 92 ҳазор тан аз онҳо кушта ё нопадид шуданд.