Май 19, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистону Ироқ дар бораи бозмондагони тоҷиктабори ДИИШ

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Ҳазим Аҳмад Маҳмуд Алюсуфӣ, муовини вазири умури хориҷии Ироқ дар бораи бозгардондани боқимондаи шаҳрвандони тоҷиктабори узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз Ироқ табодули назар ва тавофуқ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, ки дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, тарафи ироқӣ омодагии худро барои бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ пайвастаанд, эълом кард.

Теъдоди зиёде аз фиребхӯрдагони узви гурӯҳҳои террористӣ, бавижа гурӯҳи террористии ДИИШ аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳастанд. Бар асоси охирин гузориши мунташиршуда аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз соли 2014 то шикасти ДИИШ дар Ховари Миёна наздик ба 2000 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ, бавижа гурӯҳи террористии ДИИШ ин кишварро тарк кардаанд. Аммо дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ бозмондагони вобаста ба ин ҷараёни террористӣ умдатан дар Ироқ, Афғонистон, Сурия ва Туркия овора шудаанд. То кунун садҳо тан аз бозмондагони тоҷиктабори гурӯҳи террористии ДИИШ дар амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ ва Сурия дастгир ва ба урдӯгоҳҳои вижа мунтақил шудаанд. Бархе аз ин оворагон низ зимни ибрози надомат худро ба мароҷеи расмӣ дар ин кишварҳо муаррифӣ карда ва хостори истирдод ба кишварашон шудаанд. Бадеҳист, ки вуҷуди ин афрод дар ҳар кишваре мухотироте барои он кишвар дар пай дорад. Дар ҳақиқат, вуҷуди гурӯҳи террористии ДИИШ бо таваҷҷуҳ ба хушунат ва тактикаҳои ин гурӯҳ метавонад як таҳдиди ҷиддӣ алайҳи давлатҳо, бавижа давлатҳои Осиёи Марказӣ қаламдод шавад. Дар сурати бурузи беназмӣ ва ноамнӣ ин афрод омодагии бештаре барои пайвастан ба суфуфи мухолифони давлатҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доранд.

Мақомҳои амниятии давлати Душанбе дар соли гузаштаи милодӣ дар хусуси ҳузури 8 ҳазор фаъоли узви ҷараёни террористии ДИИШ дар қаламрави Афғонистон бо тамаркуз дар марзҳои шимолии ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дода буданд. Дар айни ҳол вуҷуди марзи заминӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон бо Афғонистон вазъияти ин ду ҷумҳурии Осиёи Марказиро аз соири ҷумҳуриҳои ин ҳавза буғранҷтар кардааст. Дар воқеъ, ин ду кишвари Осиёи Марказӣ аз дарвозаҳои аслии вуруди гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қаламдод мешаванд. Дар ин иртибот Умед Асадуллоев, як коршиноси сиёсии узбак гуфтааст: "Шимоли Афғонистон ба хотири наздикӣ ба масирҳои қочоқи маводи мухаддир аз тариқи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҷамъияти фаровони узбаку тоҷик, ки дар наздикии марзи Узбакистон ва Тоҷикистон бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд, макони бисёр муносибе барои ифротгароён маҳсуб мешавад".

Воқеият он аст, ки мушкилоти сиёсӣ, вазъияти иқтисодӣ ва маишатӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳузури ҷараёнҳои ифротгаро дар Осиёи Марказӣ доман мезанад. Ба иборати дигар, густариши фосилаи табақотӣ ва нобаробриҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамзамон фишорҳои шадиди давлатҳои ҳоким бар ҷумҳуриҳои ин минтақа заминаҳои бурузи дидгоҳҳои манфии мардумро дар муқобили ҳукуматҳо фароҳам хоҳад кард. Дар натиҷаи ин раванд афкори умумӣ ба самти ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротгаро ва радикал тарғиб хоҳад шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо бояд гуфт, бо вуҷуди иқдоми инсондӯстонаи давлати Душанбе бозгашти бозмондагони ҷараёнҳои террористӣ аз Ироқ мумкин аст, мушкилоте барои давлат ва мардуми Тоҷикистон эҷод кунад.