Июл 29, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милалл аз Тоҷикистон

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милалли Муттаҳид аз Тоҷикистон хостааст,ки ба таъаҳудоти байналмиллалиаш дар заминаи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон амал кунад.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин дархост,ки пас аз ироаи гузориши ҳайати Тоҷикистон дар 26 июл дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар матраҳ шуда, таъкид шудааст,ки маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Ин кумита аз эҷоди маркази воҳиди кантрол бар иртиботот ва фаъолияти Интернет дар Тоҷикистон,ки бар тамоми муколимаҳои телефонӣ ва истифода аз Интернет назорат мекунад ибрози нигаронӣ кардааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милалли Муттаҳид ҳамчунин зиндонӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷурми ибрози назар дар бораи масоили сиёсии ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоиро маҳкум карда ва идомаи боздошт, шиканҷа ва маҳкумияти тулонимудати намояндагони ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ғайри қобили пазириш унвон кардааст.

Ин ниҳоди байналмиллалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст,ки ба шиканҷа дар зиндонҳо, эътирофи иҷборӣ аз боздоштшудагон ва бадрафторӣ бо зиндониён поён диҳад.

 

Барчасп