Фардо 11 август дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон аст
(last modified Sat, 10 Aug 2019 08:55:51 GMT )
Август 10, 2019 13:55 Asia/Dushanbe
  • Фардо 11 август дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон аст

Бар асоси эъломи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 август баробар бо 20 и мурдод ҳамонанди бақияи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз иди саиди Қурбон таҷлил хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми ин кишварро ба муносибати фаро расидани иди саиди Қурбон рӯзҳои якшанбе ва душанбе 11 ва 12 август таътил хоҳанд дошт.

Бар асоси эъломи ин Шӯро намози иди саиди Қурбон дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон соати 6 ва 30 дақиқаи субҳи рӯзи 11 август иқома хоҳад шуд. Аз имомони масҷидҳои Тоҷикистон хоста шудааст,ки дар суханрониҳояшон дар намози иди саиди Қурбон мардумро ба кумак ба ниёзмандон ва афроди фақири ҷомиъа фаро хонанд. Шаҳрдори Душанбе низ барои забҳи гусфандони қурбонӣ дар пойтахти Тоҷикистон маконҳои вижаеро ихтисос додааст. Аммо сухангуи Кумитаи давлатии умури динии танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон аз гаштзании гурӯҳҳои вижаи ин ниҳод барои таҳқиқи мурооти чидани дастархони хонаводаҳои ин кишвар дар рӯзи иди саиди Қурбон хабар дод.

 Афшин Муқим гуфтааст, дар рӯзи иди саиди Қурбон кормандони ин ниҳод дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба таври гузинишӣ риояти қонуни танзими ҷашну маросимро баррасӣ мекунанд. Вай ҳадаф аз ин иқдомро пешгирӣ аз исроф дар оростани дастархони рӯзи иди саиди қурбон дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Сухангуи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон таъкид кардаст,ки дар сурати мушоҳидаи нақзи ин қонун, афроди мухталиф ба маблағи ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин кишвар ва тамоми тоҷиконро  ба муносибати фарорасидани  иди саиди Қурбон табрик намуда ва аз онҳо хостааст дар ин ид дар оростани дастархони хонаводагӣ ва қурбонӣ кардан исрофкорӣ накунанд.

Раидои тоҷикии садои Хуросон фарорасии иди саиди Қурбонро ба тамоми мусалмонон ва мардуми Тоҷикистон табрик арз мекунад.