Август 17, 2019 11:54 Asia/Dushanbe
  • Табдили корхонаи алюминии Тоҷикистон ба ширкати саҳомии ом

Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба ширкати саҳомии ом табдил мешавад.

Ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии ҳукумати Тоҷикистон,аз якуми ноябри соли ҷорӣ ширкати алюминии ин кишвар бо ҳифзи саҳмияи 100 дар садии давлатӣ ба ширкати саҳомии ом табдил хоҳад ёфт.

Дар ин бахшнома таъкид шудааст,ки тамоми зермаҷмуъаҳои ширкати алюминии Тоҷикистон аз ҷумла корхонаи зуби оҳан, ширкати сохтмонсозии, маркази гармоишӣ, маркази дармонии Ширканд,шаш кудакистон ва муҷтамаъи меҳмонхонаҳои он низ ба ширкати саҳомии нав вогузор мешаванд,ин дар ҳоле аст,ки дар паи қатъи барқи саросарӣ дар Тоҷикистон дар моҳи октиябри соли 2016 тавлиди маҳсул дар корхонаи алюминии ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфт,ки ин раванд то ба имрӯз идома дорад. ҳамчунин дар соли ҷорӣ эълом шуд,ки ширкати Чойно Мошинрии Инжинеринг Курпрешен ,барои афзоиши тавлиди алюмини дар ин корхонаи Тоҷикистон 545 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард ва бозсозии ин корхона дар 2 марҳала дар ду сол анҷом хоҳад шуд.

Бар асоси ин тавофуқнома тарафи чинӣ мутаъаҳид мешавад коргоҳҳои ширкати алюминии Тоҷикистонро бо таҷҳизот ва фановариҳои мудерн муҷаҳаз кунад ҳамчунин омӯзиши коркунон ва мутахасисони маҳаллӣ низ бар уҳдаи Чин хоҳад буд.

Интизор меравад бо навсозӣ ва такмили ин коргоҳҳо тавлиди алюмини дар Тоҷикистон то 300 ҳазор тон дар сол бирасад.

Барчасп