Октябр 20, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими миллии футзали Тоҷикистон ба Эрон барои рақобатҳои интихобии миллатҳои Осиё

Тими миллии футзали Тоҷикистон барои ширкат дар рақобатҳои интихобии Ҷоми миллатҳои Осиё, ки дар шаҳри Урумия (шимоли ғарби Эрон) баргузор мешавад, ҷумъашаб вориди Машҳади муқаддас шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қарор аст дар ин мусобиқот, ки аз чаҳоршанбеи ин ҳафта (23 октябр) дар шаҳри Урумия оғоз шавад, тими футзали Тоҷикистон бо Непал, Узбакистон ва Афғонистон бозӣ кунад ва дар поён ду тими мунтахаб ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Футзалистҳои тоҷикистонӣ дар аввалин дидори худ баробари тими Непал ба майдон хоҳанд рафт.

Тими миллии футзали Тоҷикистон

 

Дэжан Дедович, сармурабии сербияии тими миллии футзали Тоҷикистон аз омодагии комили ин тим хабар дода гуфтааст, ки аъзои тими миллии футзал пас аз ду рӯз тамрин дар шаҳри Машҳади муқаддас роҳии Урумия мешаванд.

Дэжан Дедович -сармураббӣ

Ҳамчунин ба гуфтаи Ҳусайн Шодиев, кумакмурабии тими миллии футзали Тоҷикистон, дар ин давра аз мусобиқот бозӣ бо тими қудратманд ва боангезаи Афғонистон - яке аз муҳимтарин бозиҳои ин тим хоҳад буд.

Марҳилаи ниҳоии рақобатҳои футзали Ҷоми миллатҳои Осиё дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп