Бонки миллии Тоҷикистон аз масъулияти таҳияи рӯйхатти муртабит бо терроризм сар боз зад
(last modified 2019-11-04T05:23:06+00:00 )
Ноябр 04, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон аз масъулияти таҳияи рӯйхатти муртабит бо терроризм сар боз зад

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки таҳияи рӯйхатти муртабит бо гуруҳҳои террористӣ кори ин ниҳод набудааст ва идороти масъули мубориза бо терроризм ин асомиро ироа кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин ниҳоди молӣ муддаӣ шудааст, ки таҳияи рӯйхатти ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ аз ихтиёроти он набуда ва танҳо ин асомиро дар сомонаи расмии хеш мунташир кардааст.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки масъулияти таҳия ва ироаи рӯйхатти асомии ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ бар уҳдаи ниҳодҳои мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон аст ва Бонки миллии ин кишвар бар асоси тааҳуди худ дар баробари Созмони байналмиллалии муқобила бо пулшӯӣ (FATF) иқдом ба интишори ин номҳо кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯйхати нави Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ, ки ахиран мунташир шуд номи ду ҳазору 392 нафар гунҷонда шудааст, ки дар муқоиса бо соли қабл ҳазору 20 нафар бештар аст.

Ин рӯйхат ба дархости Созмони байналмиллалии муқобила бо пулшӯӣ (FATF) таҳия шудааст, ки дар он номи ашхоси саршиносе монанди Муҳиддини Кабирӣ раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон то генерали фирорӣ Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

Дар соли 2018 Ҳарлим Дизир намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ирсоли номае ба Сироҷиддини Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳазфи асомии теъдоде аз хабарнигорон аз рӯйхати ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористиро хостор шуд, ки пас аз муддате номи 16 хабарнигор аз ин рӯйхат бардошта шуд.

Аммо пас аз интишори рӯйхати нави ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон шаш нафар аз рӯзноманигорони тоҷики муқими Аврупо бо ибрози тааҷҷуб аз қарор гирифтани номашон дар ин рӯйхат хостори ҳазфи номҳои хеш аз ин рӯйхат шуданд.

Барчасп