Ноябр 21, 2019 13:55 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани 4 зани тоҷики узви ДИИШ аз Сурия

4 зани тоҷики узви ДИИШ ба ҳамроҳи фарзандонашон аз Сурия ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти ин ноҳия эълом кардаанд, ки дар Сурия 11 зан аз сокинони ин минтақа ба ҳамроҳи фарзандонашон ҳузур доранд, ки 4 нафарашон, ки аз аҳолии ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд ҳастанд ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Истаравшан ин 11 зани тоҷик солҳои қабл ба ҳамроҳи шавҳарон ва фарзандонашон барои кор ба Русия рафта ва баъдан бо пайвастани мардони ин хонаводаҳо ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ вориди Сурия ва Ироқ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки шавҳарони ин хонаводаҳо дар даргирӣ бо артиши Сурия кушта шуда ва занон ва фарзандони онон дар урдугоҳҳои таҳти контроли гуруҳҳои мухталиф нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо талоши сафири Тоҷикистон дар Кувайт заминаи бозгардондани онон аз Сурия фароҳам шудааст.

Ҳамчунин Шакурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ эълом кард, ки дар ду соли ахир 300 шаҳрванди фиребхурдаи тоҷик аз минтақаҳои даргирӣ дар Сурия ва Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳудуди 100 нафар аз кудакони тоҷик низ, ки падарони онон дар даргириҳои Сурия ва Ироқ кушта шуда ва модарони онон ба зиндон маҳкум шуданд ҳам ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегуянд, ки ҳазору 900 шаҳрванди ин кишвар ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ пайваста ва ба Сурия ва Ироқ рафтанд, ки ҳудуди 400 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

 

Барчасп