Омодагии шуморе аз ҳизбҳо барои ширкат дар интихоботи парлумонии тоҷикистон
Теъдоде аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз омодагии худ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар аввали моҳи марти соли 2020 хабар додаанд.
Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, раисони ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон теъдоди номзадҳои ин ду гуруҳи сиёсиро барои ширкат дар ин интихобот мушаххас кардаанд.
Саидҷаъфари Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки 13 нафар аз аъзои ин ҳизб бар асоси руйхати воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва 19 нафар низ ба унвони номзад дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ вориди рақобат хоҳанд шуд.
Ҳамчунин Меъроҷ Абдуллоҳов раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз омодагии ин гуруҳ барои пешниҳоди 8 номзад барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар хабар додааст.
Дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон Ҳизби демократ як намоянда дорад, ки раиси ин гуруҳ Саидҷайфари Усмонзода аст.
Аммо Ҳизби комунист ҳеҷ намояндае дар ин маҷлис надорад.
Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистӣ ҳам, ки дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон намоянда доранд эълом кардаанд, ки дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби сотсиали демократи Тоҷикистон, ки гуруҳи мухолифи ҳукумат дар дохили ин кишвар ба шумор меравад эълом карда дар нишасти ахири ҳизбӣ натавонистааст дар бораи ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020 тасмим бигирад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст.
Ҳади нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як номзадро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифристанд.
Ба таври ҳамзамон номзадҳои ҳизбҳо ва ашхоси мустақил дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ҳамакнун бештари курсиҳои намояндагӣ дар маҷлисҳои Тоҷикистон дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқи демократ қарор дорад.