Кушта шудани ду сарбози марзбонӣ дар ноҳияи Исфара
Ду сарбози нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар посгоҳи марзии Гулистон дар ноҳияи Исфара кушта шудаанд.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин ҳодиса дар паи даргирии лафзии ду марзбони тоҷик рух додааст, ки ҳар ду кушта шудаанд.
Ин сомонаи хабарӣ бо истинод ба манобеи худ дар вилояти Суғд эълом кардааст, ки дар ин муноуқиша яке аз сарбозон бо тир ҳамқатори худро ба қатл расонда ва пас аз мушоҳидаи марги ӯ худро низ бо тири аслиҳа куштааст.
Мақомоти фармондеҳии нерӯи марзбонии Тоҷикистон ҳануз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Посгоҳи марзии Гулистон дар 10 километрии шарқи шаҳри Исфара қарор дорад ва бо ноҳияи Ботканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
Ин посгоҳ бархилофи дигар посгоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара, ки ҳамвора конуни ихтилофот ва даргириҳои марзӣ аст ва амнтарин гузаргоҳи марзӣ миёни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳисрб меояд.