Декабр 13, 2019 21:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби халқӣ - демократӣ 28 нафарро дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон номзад кард

Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон 28 номзадро барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар аз ҳавзаи воҳиди ҳизбӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷикистон Таймс”, Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон 13 декабр дар кунгурае, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд, феҳристи 28 нафараи номзадҳои ҳавзаи воҳиди ҳизбии худро барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 ироа кард.

Дар ин нишаст Абдуҷаббор Азизӣ ва Хайриннисо Юсуфӣ, ки то имрӯз муовинони раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буданд, ба унвони муовини аввал ва муовини Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби халқӣ - демократӣ интихоб шуданд. Ҳамчунин Сайидмурод Фаттоҳзода ва Раъно Бобоҷонова, ки пеш аз ин муовинони раисҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳизби халқӣ - демократӣ буданд, ба унвони номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи ояндаи парлумонӣ муаррифӣ шуданд.

Ҳамчунин дар феҳристи номзадҳои ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли ояндаи Тоҷикистон номи Сумангул Тағойзода, вазири кор ва муҳоҷират ва Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи давлатии умури бонувон ва хонавода ба унвони ду номзади зани ин ҳизб ба чашм мехӯрад.

Бар асоси қонуни интихоботи парлумонии Тоҷикистон, аҳзоби сиёсии фаъол дар ин кишвар илова бар ироаи феҳристи номзадҳо аз ҳавзаҳои воҳиди ҳизбӣ, теъдоди дигаре аз аъзои худро дар ҳавзаҳои саросарӣ низ ба унвони номзад пешниҳод мекунанд.

Ҳадди нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи воҳиди ҳизбӣ бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки аҳзоби ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як довталабро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифиристанд. Ҳамчунин ба таври ҳамзамон номзадҳои аҳзоб ва афроди мустақил дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

 

Барчасп