Декабр 15, 2019 10:05 Asia/Dushanbe
  • Дархости дубораи Зоиров барои бекор кардани пардохти гарав дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиали демократи Тоҷикистон бо интишори дубораи пайёме аз раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст, ки пардохти маблағи гарав ба унвони саҳми молӣ барои номнависии номзадҳои интихоботи парлумониро бекор кунад.

Ба нақл аз саҳифаи Раҳматуллоҳ Зоиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар Фейсбук, вай дар ин пайём бо ғайри қонунӣ хондани пардохти 5 ҳазору 800 сомонӣ барои номнависии ҳар довталаби интихоботи парлумонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дубора дархост кардааст, ки ин қонунро бекор кунад.

Аз дидгоҳи Зоиров дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳеҷ ишорае ба пардохти гарав барои номнависии номзадҳои интихоботи парлумонӣ нашудааст.

Вай бо истинод ба бандҳое аз Қонуни асосии Тоҷикистон муддаӣ шудааст. ки таини ин маблағ барои номнависии номзадҳои интихоботи парлумонӣ бо ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муғойир аст ва иқдоми худсаронаи Комиссиони марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бар асоси Қонуни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳар довталаб барои номнависӣ ва ҳузур дар рақобатҳои интихоботӣ бояд 5 ҳазору 800 сомониро ба унвони гарав ба будҷети ҳукумат вориз кунад ва дар сурати нокомии ин ашхос барои вуруд ба Маҷлиси намояндагон пулҳои онон бозгардонда намешавад.

Барчасп